Ҷаласа оид ба баррасии вазифаҳои миллӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи бисёрҷониба оид ба баррасии вазифаҳои миллӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ, ки дар доираи Барномаи глобалии Кунмин-Монреал дар соҳаи гуногунии биологӣ баргузор гардид.
Ташаббуси мазкур барои суръат бахшидан ва дастгирии амалҳои ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдорони Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар навсозии стратегияҳои миллӣ ва нақшаҳои амал оид ба гуногунии биологӣ тибқи ӯҳдадориҳои худ пешбинӣ шудааст.
Дар кори ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, роҳбари маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи мазкур Олимҷон Ятимов, намояндаи масъули дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, мушовири байналмилалӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ, инчунин роҳбарон, муовинон ва коршиносони идораҳои дахлдор, шуъбаҳои идораҳои гуногуни давлатӣ иштирок намуданд. Илова бар ин, олимон ва намояндагони ташкилотҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла ташкилотҳои вилоятӣ дар баррасӣ ва муҳокимаи вазифаҳои нав фаъолона иштирок карданд.
Ҷаласа барои муҳокима ва такмили вазифаҳои миллӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ, бо назардошти заминаҳои мубрами иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инчунин муайян кардани манбаъҳои имконпазири маблағгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда, мусоидат мекунад.
Дар рафти суханронӣ И. Шукурзода қайд кард, ки лоиҳаи татбиқшаванда барои кишвар ҷиҳати ҳифзи сарватҳои табиӣ, хусусан гуногунии биологӣ аҳаммияти муҳим дорад. Дар робита ба ин, ҳамкории бисёрсола ва бисёрҷониба бо дафтари БРСММ дар самтҳои асосии ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ташаббусҳо оид ба ҳифзи экосистемаҳои арзишманд, гуногунии намудҳои генетикӣ таъкид карда шуд.
Ин раванд ба намояндагони идораҳои манфиатдори давлатӣ, олимон ва табиатшиносон имкон дод, ки дар ташаккули вазифаҳои нав дар соҳаи гуногунии биологӣ, ки ҷузъи асосии Стратегияи нави оянда ва нақшаи амал дар соҳаи гуногунии биологӣ хоҳанд буд, иштирок намоянд.