Баррасии Барномаи маърифати экологӣ дар ҷаласаи кории назоратӣ
Имрӯз ҷаласаи кории назоратии назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оид ба масъалаи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025” дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти сохторҳои давлатӣ, аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ иштирок доштанд.
Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур ҳадафи муайян дорад, ки бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва густариши ҳамкориҳо бо ҳамаи ниҳодҳои дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фарҳанги экологии ҷомеаро баланд бардорад.
Дар ҷаласа, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодирзода Лутфия ва дигар масъулони иҷрои барнома аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шунида шуданд.
Аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат, аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари Барномаи мазкур ҳамаи сохторҳои дахлдорро мебояд чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, кор бо ҷомеа ва муассисаҳои таълимиро дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологӣ таҳким бахшанд. Ҳамзамон, пешниҳод шуд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва васоити ахбори омма маърифати экологӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа тарғиб карда шавад.
Пас аз шунидани ҳисоботҳо ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои марбута доир ба иҷрои саривақтию босифати Барнома, ки соли ҷорӣ муҳлати татбиқи он ба анҷом расида натиҷагирӣ карда мешавад, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.