Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ховалинг
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг, бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияи мазкур корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар минтақаи Згара аз қабили ҷав, коҳ, қоқи себ ва кунҷора дар маҷмӯъ аз ҳар кадом дар ҳаҷми 200 киллогӣ пошида шуд.