Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ –омили асосии рушди устувор»
17 марти соли 2025 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ –омили асосии рушди устувор» баргузор гардид.
Ҳамчунин дар кори конфронс ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, корманди Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, сардори шуъбаи истеҳсоли барқи ширкати «Помир энерҷи» ва сардори шуъбаи захираҳои оби минтақаи зерҳавзаи Панҷ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Сипас, дар толори театри вилоятӣ раиси вилоят кофренсияро ифтитоҳ намуда дар мавзуи “Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-омили муҳими ҳамзистии мутаносиби ҷамъияту табиат ва рушди устувор” баромад намуданд.
Инчунин, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, дар мавзуи “Аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат барои рушди ояндаи Тоҷикистон”, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзуи “Ташаббуси Пешвои муаззами миллат-шоҳкалиди ҳифозати пиряхҳо”, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзуи “Обшавии пиряхҳо ва чораҳои пешгирикунанда барои ҳифз ва устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим”, корманди Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавзуи “Моҳият ва аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим”, сардори шуъбаи истеҳсоли барқи ширкати “Помир энерҷи” дар мавзуи “Истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар самти истеҳсоли нерӯи барқ” ва сардори шуъбаи захираҳои оби минтақаи зериҳавзаи Панҷ дар шаҳри Хоруғ бобати “Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияту аҳамияти ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт” маърӯза намуданд.