Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Ҳамкорони азиз,
Дӯстдорони табиати нотакрори Тоҷикистони маҳбуб.
Қадами мубораку фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ба кишвари муқаддасу офтобрӯяи мо дар фазои якдилию ягонагии мардуми шарафмандамон замину осмонро мунаввар месозад. Ин рӯзи мубораку фархунда, аз ниёгони мо дар тули ҳазорсолаҳо такмилу таҳаввул ёфта, чун нишони худогоҳии миллӣ то ба имрӯз омада расидааст.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи вориси арзандаи ниёгонамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 15 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра қайд карда мешавад.
Дар яке аз чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намуданд: «Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тозае бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад».
Анъанаҳои неки ниёгон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз мазмуни пурратар гирифта, шодиву хурсандӣ, сурудхонию хушҳолӣ ва рақсу мусиқӣ дар ҷашни Наврӯзӣ шукургузорӣ ва ормону ниятҳои нек аз ҳаёти серу пур ва бобаракат мебошад.
Наврӯзро метавон тантанаи пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, ибтидои ҳамаи бунёдкориҳо ва амалӣ гаштани ниятҳои нек арзёбӣ намуд ва он дар байни мардуми мо ва дигар халқу миллатҳо маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз маъруфият пайдо кардааст.
Ҳамаи кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дӯстдорони табиати нотакрори кишвари азизамонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ, некӯавҳолӣ, осоиштагӣ, файзу баракати хонадон, хушиҳои рӯзгор ва амалӣ гаштани тамоми нияту орзуҳои некро таманно менамоям.
Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!