Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз дар Кумита
Ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумита чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои шоҳмот, шашка, дастхобонӣ ва дигар намуди варзиши сабук ташкил ва баргузор шуда истодаанд.
Ҳамаи иштирокдорон барои нишон додани маҳорати худ дар ин намудҳои варзишӣ талош доранд. Ғолибон аз ҷониби ҳайати доварон муайян карда шуда, дар чорабинии расмии Ҷашни Наврӯзи Кумита бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Ин мусобиқаҳо на танҳо маҳорати варзиширо такмил медиҳанд, балки барои таҳкими дӯстӣ ва рушди руҳияи варзишӣ дар байни кормандон мусоидат менамоянд.