Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумита
Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши олам, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарин ва фарҳанги ғановатманди мардуми тоҷику форс мебошад, ки он имрӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Бахшида ба ин Ҷашнии қадимтарини ниёгон 20 марти соли 2025 бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо иштироки меҳмонон дар саҳни бинои Агентии обуҳавошиносии Кумита Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода ҳозиринро ба Ҷашни Наврӯзӣ табрику муборакбод намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи вориси арзандаи ниёгонамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 15 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи олам қайд карда мешавад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита дар Наврӯз, ҳунарҳои дастӣ ва ашёву лавозимоти рӯзгори ниёгонамон дар мисоли ҳунарҳои мардумии вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин, муҳити наврӯзиро ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва хони таомҳои миллӣ зиннат доданд. Рамзҳои анъанавӣ чун Маликаи Наврӯзу Бобои деҳқон чорабиниро ҳусну ҷилваи ба худ бахшиданд.
Сурудхониву қироати шеър, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бозиҳои шоҳмоту шашка, тенниси рӯимизӣ ва дигар бозиҳои хоси наврӯзӣ бахшҳое аз чорабиниҳои Кумитаро ташкил доданд.
Дар охир ба ғолибони бахшҳои хонҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анвои ҳафтсину ҳафтшин ва ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Қисмати дигаре аз чорабинӣ дар сари хони идона бо ҳунарнамоии ровиёни хушкалому санъаткорон бо суруду мусиқиҳои дилнавоз ва рақсҳои ҷаззоб идома ёфт.