Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба муносибати Иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери фазои сулҳу амният, ваҳдату ҳамдилӣ Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.
Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии иди саидро ба мардуми Тоҷикистон самимона табрик намуда, сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.
Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси мардуми мо буда, сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардааст.
Дар ин рӯзи саид барои Ватан сулҳу субот, оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро талаб намудан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мо арзёбӣ мегардад. Хайру савобе, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр анҷом додани он зикр шудааст, садақа ба наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки эҳсонкору хайрхоҳ, ростқавлу росткор ва саховатпешаву ҳимматбаланд буда, мададгори ниёзмандон бошад.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзунро таманно менамоем.
Иди саиди Фитр муборак!