Дар доираи омодагиҳо ба Конференсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд 8-уми апрели соли 2025 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” дар шаҳри Душанбе семинари машваратии сатҳи баланд баргузор шуд, ки иштирокдорони бештари он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ буданд. Инчунин, дар чорабинӣ мутахассисону коршиносони масоили экологӣ ва волонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ намояндагони байналмилалӣ бо рӯйнамо оид ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, вазъи кунунии пиряхҳо, мушкилот, роҳҳои ҳал, тадбирҳои дастаҷамъона оид ба ҳифзи муҳити зист, пешниҳоди маълумоти дақиқи ҳифзи пиряхҳо ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва масоили дигари марбут ба ҳадафҳои Конференсияи дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Воқеан вазъи кунунии пиряхҳо, тамоюлҳои обшавии онҳо ва таъсири тағйирёбии иқлим дар сайёра яке аз масъалаҳои рӯзмарра буда, дар даҳсолаҳои охир шумораи зиёди пиряхҳои хурду миёна коҳиш ёфтаанд ва ин раванд бо суръати ташвишовар идома дорад.
Баъди суханронӣ намоянда бо намояндагони васоити ахбори умум мулоқот ороста, ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон посухи мушаххасу муфассал дод.
Пешбарандагони семинари машваратӣ, инчунин оид ба истифодаи усулҳои муосир барои мониторинг ва омӯзиши ҳифзи пиряхҳо, таҷрибаҳои муваффақи кишварҳои алоҳида дар самти иттилоърасонии экологӣ, таъсири пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ба афзоиши хатарҳои табиӣ, ба монанди сел ва обхезӣ, масъалаҳои дигари вобаста ба мавзуи матраҳгардида мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ниҳодҳои дахлдор тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба хатарҳои тағйирёбии иқлим, бахусус раванди обшавии пиряхҳо мебошад. Ин ҳамоиш бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳияи роҳҳои муштарак ва устувор барои ҳифзи манобеи об ва муҳити зист ташкил карда шуд. Иштироки намояндагони соҳаҳои илм, таҳқиқот ва ВАО ба баррасии ҳамаҷонибаи масъала ва густариши афкори муфиди экологӣ мусоидат менамояд.