Ҷаласаи мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатии соли 2025
Санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ, дар толори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарият, масъулони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шаъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, масъулони марказу муассисаҳо ва сохторҳои дигари дар назди Кумита фаъолияткунанда иштирок намуданд. Нахуст, тибқи тартиби кори ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон баргузор гардид, ҳисоботи муфассали таҳлили ҷамъбасти натиҷаҳои кор дар семоҳаи якум аз ҷониби муовини раис Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ шунида шуда, дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мушовара ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, дигар масъулони иҷро шунида шуд.
Сипас, вобаста ба дурнамо ва нақшаҳои таҳияшуда барои семоҳаи дуюм, вазифаҳои мушаххас барои фаъолияти давраи муайяни масъулон муайян карда шуданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати кор, тақвияти назорат ва истифодаи самараноки имкониятҳо чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа, роҳбарият барои ислоҳи камбудиҳо, татбиқи бомуваффақияти нақшаҳои оянда ва вусъати фаъолият дастурҳои мушаххас доданд.