Иштирок дар Иҷлосияи 27-ум оид ба мониторинг ва арзёбии муҳити зист
Иҷлосияи 27-ум оид ба мониторинг ва арзёбии муҳити зист барои давлатҳои аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE), ки 10-11 апрели соли 2025 дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар доираи Иҷлосияи мазкур Шукурзода И. бо роҳбари гурӯҳ ва масъулони Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологии Тоҷикистон оид ба таҳияи Харитаи роҳ, тарҷума ва нашри он, инчунин баргузории мизи мудаввар бо ҷонибҳои манфиатдор вохӯрӣ анҷом дод.
Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз байни 56 давлати аъзои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) нахуст шуда Шарҳи чорумро қабул намудааст. Дар чорабинии мазкур тағйирот дар соҳаи низоми мониторинги муҳити зист, таҳкими сиёсати экологӣ, мубодила ва муттаҳидсозии маълумоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ муҳокима гардиданд.