Ҳашари дастаҷамъона дар мавзеи “Кӯли ҷавонон” бо мақсади нигоҳдории муҳити зист
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи сокинони маҳал, аз ҷумла шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб дар мавзеи “Кӯли Душанбе”, воқеъ дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Варзоб, ҳашари дастаҷамъона оид ба нарм кардани бехи ниҳолон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин иқдом — нигоҳубини ниҳолҳои қаблан шинонидашуда ва беҳтар кардани шароити сабзишу нашъунамои онҳо мебошад. Иқдоми мазкур барои дастрасии беҳтари об ва ғизо ба решаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати нашъунамои онҳо ба бехи навлиҳолон нуриҳои минералӣ гузошта шуд.
Ин гуна ташаббусҳо дар самти ободонӣ ва сабзгардонии муҳити зист дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ба раванди пешгирӣ аз меъёри бесобиқаи гармшавии иқлим мусоидат менамояд.
Чунин чорабиниҳои экологии ҷамъиятӣ минбаъд низ дар мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ идома хоҳанд ёфт, то муҳити зисти тозаю солим барои насли имрӯзу фардо таъмин карда шавад.