Иштироки кормандони Кумита дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон
18 майи соли 2025 дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.
Ҳамасола, дар қатори сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохтори он дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ширкат меварзанд.
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май ҳар сол гузаронида мешавад.
Дави миллӣ маъраки умумимиллӣ буда, мақсад аз баргузории он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.