Мизи мудаввар дар ҳошияи Конфронси Glaciers2025 дар Душанбе: маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ, коҳиш ва ҷуброни талафоти вобаста ба пиряхҳо
Дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи баландоид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 30 май Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзуъҳои “Маблағгузорӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ, коҳиш ва рафъи талафот ва хисороти марбут ба пиряхҳо” баргузор гардид.
Ҷаласаи якум дар мавзуи “Маблағгузорӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ, коҳиш ва рафъи талафот ва хисороти марбут ба пиряхҳо” таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ноиби Президенти Гамбия, директори иҷроияи Фонди Иқлими Сабз, ноиби Президенти Бонки Осиёгии Рушд, директори иҷроияи ЮНИСЕФ, ноиби директори ЮНЕСКО ва роҳбарони созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва минтақавӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои маблағгузорӣ барои таҳия ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо дар самти мутобиқшавӣ ва коҳиш додани оқибатҳои харобиовари обшавии босуръати пиряхҳо мавриди муҳокимаҳо қарор гирифтанд.
Ҷаласаи дуюм дар мавзуи “Соли 2025 – оғози марҳилаи нав дар самти ҳифзи пиряхҳо” таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, ноиби Президенти Зимбабве, роҳбарони Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриҳои Корея, Непал, Финландия, Перу, Гвинея-Биссао, Барбадос баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои баргузор гардида, ҷонибҳо инчунинзарурати ба зимма гирифтани уҳдадориҳои иқлимии ба меъёри 1,5 °C мувофиқро, ҳамчун ягона воситаи ҳифзи пиряхҳо ва хидматҳои асосии экосистемаҳои онҳо таъкид карда шуд, инчунин ниёзҳои таъҷилии маблағгузорӣ ва мутобиқшавиро муҳокима карданд.