Таъкид ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист
30–31 майи соли 2025, дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баходур Аҳмадҷон як қатор мулоқотҳои муҳими дуҷонибаро бо намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик анҷом дод, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами марбут ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ бо доктор Мусомба Мумба, котиби Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи минтақаҳои обию ботлоқӣ, ҷонибҳо муҳимияти ҳифзи экосистемаҳои обию ботлоқӣ, таъсири обшавии пиряхҳо ба гуногунии биологӣ ва дастрасии оби тоза дар шароити тағйирёбии иқлимро таъкид намуданд. Хонум Мумба бо изҳори сипос барои ташкили сатҳи баланди конфронс, саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои экологӣ баланд арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот бо Ивана Живкович, директори Барномаи Рушди СММ (UNDP) оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мавзӯъҳои марбут ба мутобиқшавӣ ба иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, рушди энергияи барқароршаванда ва идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуданд. Живкович пешсафии Тоҷикистонро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъкид намуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амалии минтақавиро зикр кард.
Ҳамчунин, бо Арнолд Крейлхубер, директори Дафтари минтақавии Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) дар Аврупо, масоили амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла коркарди партовҳои хатарнок, иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар сохторҳои СММ ва татбиқи қарорҳои муҳими экологӣ, ба мисли қарори UNEA 7 оид ба пиряхҳо, муҳокима гардиданд. Раиси Кумита UNEP-ро ҳамчун шарики стратегии рушди экологӣ арзёбӣ намуда, зарурати идомаи ҳамкории наздик дар самти мониторинг ва ҳифзи захираҳои пиряхиро таъкид кард.
Дар вохӯрӣ бо Александр Козлов, вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷриба дар самти омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо баён доштанд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки мутахассисони Тоҷикистон дар таҳқиқоти илмӣ дар Антарктида ширкат варзанд. Масъалаҳои рушди минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Мулоқотҳои мазкур саҳми назаррасе дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувори захираҳои табиӣ мегузоранд. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо, дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ саҳми худро пайгирона тақвият медиҳад.