Дар Душанбе натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷамъбаст гардиданд
Душанбе, 31 майи соли 2025 – дар шаҳри Душанбе бо баргузории нишасти матбуотӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба анҷом расид. Дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки аз 29 то 31 май идома ёфт, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология хонум Селеста Сауло ва намояндагони зиёда аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Сарвазири мамлакат дар суханронии ҷамъбастии худ зикр кард, ки ин ҳамоиши сатҳи баланд ба муколамаи созанда, мубодилаи таҷриба ва донишҳои илмӣ дар самти ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддии экологӣ – обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат намуд. Ӯ афзуд, ки пиряхҳо нақши калидӣ дар тавозуни экологӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини захираҳои об бозӣ мекунанд.
Ҳифзи пиряхҳо барои таъмини воситаҳои зиндагии аҳолӣ, кам кардани хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар минтақаҳои осебпазир, аҳаммияти хоса дорад.
Барномаи Конфронс баргузории ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд ва зиёда аз 25 чорабинии ҳамроҳро дар бар гирифт, ки дар онҳо беш аз 2600 нафар иштирок доштанд. Ин нишон медиҳад, ки Душанбе ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои криосфера ва пиряхҳо шинохта шудааст.
Дар натиҷаи Конфронс Эъломияи Душанбе ва «Даъвати Душанбе: даъват барои амал» (Dushanbe Appeal: Call for Actions) қабул гардиданд. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҷонибҳои манфиатдор ва давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо дар самти ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват мекунанд.
м Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология хонум Селеста Сауло натиҷаҳои Конфронсро муҳим арзёбӣ намуда, онро як қадами муҳими тақвияти ҳамкорӣ дар самти обу иқлим ва мусоидаткунанда барои Конфронси оби СММ дар соли 2026 номид.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоишҳоро як қадами муҳими ҳамгироии талошҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табииро арзёбӣ мекунад ва омодагии худро барои татбиқи натиҷаҳои он изҳор медорад.