Семинари экологӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе семинари экологӣ доир гардид. Семинари мазкур дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе ва амалишавии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021-2025” ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ гардид.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон вобаста ба иқдомҳои Пешвои миллат сухан гуфта, таъкид намуд, рӯзҳои 29–31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид, ки обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Албатта ин ташаббуси панҷуми Тоҷикистон буда, ҳар сол 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Лоиқ Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалишавии “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2040” сухан гуфта, таъкид дошт, ки дар ин замина ҳамкориҳои донишгоҳ бо истеҳсолот зарур аст. Зеро татбиқи пурраи Барномаи кабудизоркунӣ моро вазифадор менамояд, ки корро дар истеҳсолот хубтар ба роҳ монем.
Баъдан, сардори Раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои биологӣ, Акрамов Убайдулло ва мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии донишгоҳ, номзади илмҳои кишоварзӣ Ибодат Сулаймонова вобаста ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” ва таъсири гармшавии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ мулоҳизаронӣ карданд.
Дар анҷоми семинар пешниҳодҳои олимон ва мутахассисон барои амалишавии барномаҳо қабул гардид.