Намоишгоҳӣ “Достони пиряхҳо”
Аз 29 то 3-июни соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар “Боғи Ботаникӣ” – и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Достони пиряхҳо” – намоишгоҳ оид ба мавҷудият, хотира ва нобудшавии пиряхҳо баргузор гардид, ки аз ҳамоиши мазкур меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур намунаи яхбандиҳои абадӣ, аҳаммияти пиряхҳо ва ғайра манзури меҳмонон гардиданд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр ва Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб ба иштирокчиёни фаъол Сертификат барои худэҷодкунӣ дар мавзуъҳои пиряхҳоро тақдим намуданд.