Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист
5 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона матни табрикоти раиси Кумитаи мазкур аз ҷониби муовини якуми раис Исфандиёр Шукурзода қироат гашта, кормандонро ба ин рӯзи касбиашон табрику таҳният намуд. Зимни суханонронии табрикотии худ қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии муҳитизистӣ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.
Пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинию ҳамоишҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, вобаста ба масъалаҳои обу иқлим гардидааст, ки ин раванд, пеш аз ҳама ба беҳдошти глобалии муҳити зист зиндагии шоистаи инсонҳои олам мусоидат мекунад.
Дар чорабинии идона алоҳида кормандон бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, таҳти ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсиф намуда, миннатдории худро баён доштанд.
Сипас, тибқи фармоиши раиси Кумита аз 4 июни соли 2025, №46 як қатор фаъолони соҳаи муҳити зист бо нишони сарисинагии “Кормандии фахрии ҳифзи муҳити зист” ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар озмуни имсолаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар мавзуи «Зарурати ҳифзи пиряхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» эълон гардида буд, иштирок варзидаю ғолиб омада, бо диплому ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Рӯзи байналмилалии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма гирифта, 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расидааст. Соли 1972 дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт ва дар кори он намояндагони 113 кишвари олам иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур барои ҳамасола 5-уми июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил намудан, қарор қабул карда шуд.
Дар даврони соҳибиистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар сатҳи баланди тарғиботию ташвиқотӣ таҷлил карда мешавад.