Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иктисодиёти сабз
4 июни соли 2025 Маркази Орхус ва Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист» мизи мудавварро дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар шароити тагйирёбии иқлим” баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону коршиносон, корхонаҳои илмию саноатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ ширкат доштанд. Ба ифтихори ҷашн дар намоишгоҳи ташкилшуда маводҳои иттилоотӣ, таблиғотӣ, таълимӣ ва илмӣ дар мавзӯи баррасишаванда ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввар директори Пажӯҳишгоҳи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарофзода Фарҳод Раззоқ қайд кард, ки ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳо самтҳои ҳатмии сиёсати давлат буда, бо рушди иқтисоди сабз алоқамандии зич дорад. Аз ин лиҳоз, бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ Соли байналмилалии пиряхҳо эълон шудани соли 2025 далели саҳми назарраси кишвар дар ҳалли мушкилоти экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Табиат» Каримов А. ва сардори Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Яқубов Ҷ. зимни баромади худ оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар раванди тағйирёбии иқлим, инчунин ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди сабз дар фаъолияти марказҳои Орхуси Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ин мизи мудаввар аз ҳамкории хуби доираҳои илмӣ, сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳад, ки чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар масъалаҳои ҳалли мушкилоти экологӣ мусоидат мекунанд.