Семинари ниҳоӣ оид ба натиҷагирии лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ»
11 июни соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти муҳити зисти Финландия (Syke) дар доираи лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар рушди бахшҳои об ва муҳити зист дар Тоҷикистон иштирок доранд, семинари ҷамъбастӣ оид ба баррасии дастовардҳои лоиҳа, бозёфтҳои асосӣ ва имкониятҳои ҳамкории байнисохторҳо дар ин самт баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр иброз дошт, ки ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори лабораторияҳо дар соҳаи идоракунии муҳити зист, мониторинг ва арзёбии сифати обҳои рӯизаминӣ ва ба ин васила барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин мусоидат намудан ба стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа ду лабораторияи марказӣ, ки қисми сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошанд, аз ҷумла, лабораторияи Маркази таҳлилию ташхисӣ, ки аз рӯи сифат ва таъсири обҳои саноатӣ ва об назорат мебарад ва лабораторияи Агентии обуҳавошиносӣ, ки назорати сифати обҳои рӯизаминии ҷумҳуриявӣ ва фаромарзиро ба дӯш дорад, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Байдуллоева Ҷамила, сафири Финландия оид ба супоришҳои махсус ҷаноби Илка Ряйснен низ дар суханрониҳояшон аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар сессияҳои мавзӯӣ пас аз баррасии натоиҷи лоиҳа мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор таклифу дархостҳои худро оид ба дурнамои рушди мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ ва суръат бахшидан ба амалигардонии вазифаҳои ҲРУ дар соҳаи захираҳои об ва муҳити зист дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар семинар ҳамчунин масъалаҳои дастрасии маълумот оид ба сифати об барои аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор баррасӣ гардиданд.