Баргузории Ҷашни Тиргон дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе
22 июни соли 2025 дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор гашт. Дар ҷашнгоҳ даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид. Инчунин, навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда-афшура, шарбат, хушкардашуда ва обмеваи он пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Тавре маълум аст, Тиргон яке аз чор ҷашнҳои қадимаи ниёгони мо, амсоли Наврӯз, Сада, Меҳргон ба шумор рафта, ин ҷашнро иди кишоварзон низ меноманд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ матни табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Иди Тиргон дар назди ҳозирин қироат намуд.
Дар чорабинии иштирокдорони фаъол бо Диплому Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомили онҳо буд.
Бевосита бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бисёре аз иду ҷашнҳи миллӣ эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардиданд, ки аз соҳибтамаддуну куҳанбунёд будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои алоҳидаи тобеи он дастоварҳои соҳавии худ, аз ҷумла расму мусаввараҳо, ғуфраву харитаҳо дар борати табиати зебову нотакрори кишварамон, амсоли кӯлу обанборҳо, дарёҳо ва пиряхҳо, инчунин варақаҳои иттилоотиро дар намоишгоҳ ба намоиш гузошт, ки дар муаррифии фаъолияти соҳа оид ба ҳифзи табиат мусоидат менамояд.